Номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №19 барномаҳои номзадии худро муаррифӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 11.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар литсейи №1-и хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе вохӯрии номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №19 бо донишҷӯён баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳр Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №19 — раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Насимҷон Расулзода ва номзади худпешбар, машваратчии таълимӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни факултаи филологияи рус дар Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Аслам Шарипов худро ба донишҷӯён муаррифӣ намуда, барномаҳои пешазинтихоботии худро ба онҳо шинос намуданд.
Барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо аз бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иборат буда, масъалаҳои мусоидат намудан ба амалӣ гардидани сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи озод ва шаҳрвандӣ, саҳмгузорӣ дар пешрафту ташаккули соҳаи иҷтимоии ҷомеа, махсусан ба итмом расонидани ислоҳоти мактабу маориф бо назардошти арзишҳои умумибашарӣ дар асоси урфу одат, расму оин, ахлоқу одоби миллӣ ва паст намудани сатҳи камбзоатии сокинони маҳалро дар бар мегирифт.
Дар охир номзадҳо ба вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №19 бо донишҷӯён суҳбат намуда, аз мушкилоти онҳо огоҳӣ пайдо карданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






