О-ФА-РИН! Хонандагони литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалӣ дар Сингапур ба комёбӣ ноил гардиданд

Ноябрь 24, 2017 10:43

ДУШАНБЕ, 24.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 23 ноябри соли равон дар Ҷумҳурии Сингапур Олимпиадаи байналмилалии IMSO-2017 баргузор гардид. Дар он 486 нафар  намояндагони зиёда аз 41 давлати дунё иштирок намуданд.

Зикр намудан  бамаврид аст, ки хонандагони муассисаҳои шаҳри Душанбе дар ин санҷиши истеъдод фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гаштанд. Аз ҷумла  таълимгирандагони  Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе” Фаридуни Тоҷиддин ва Бурхвалӣ Қурбонов, ки бо роҳбарии омӯзгори ҷавон Равшан Каримов дар ин олимпиада аз фанни математика ширкат варзиданд, соҳиби ҷоизаҳо шуданд. Хонандагони Литсейи №1-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе — Бурхвалӣ Қурбонов соҳиби медали биринҷӣ ва Фаридуни Тоҷиддин соҳиби ҷойи ифтихорӣ гаштанд .

Ноябрь 24, 2017 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст