«Оқилаҳои Ваҳдат» — намоиши адабӣ-мусиқӣ дар шаҳри Ваҳдат
ВАҲДАТ, 04.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар кохи Маърифати шаҳр зери унвони «Оқилаҳои Ваҳдат» бо иштироки ду бонуи оқилаву доно ва кордон- директори Маркази табобатию ташхисии «Шафқат» Манзура Ғафурова ва роҳбари Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Сабоҳат Раҳимзода намоиши адабӣ-мусиқӣ баргузор шуд. Дар ин бора аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимии дохили шаҳр, мудирони кӯдакистонҳо, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷҳои омору тиббии шаҳр, кормандон ва дастаҳои ҳунарӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Соҳибзавқ»-и шуъбаи фарҳанг ва кормандони китобхонаи марказии шаҳр ширкат намуда, аз суҳбату насиҳатҳои модаронаи қаҳрамонони намоиш, ки дарси кушоди тарбиявиро мемонд, ғизои маънавӣ гирифтанд.
Зикр гардид, ки дар сатҳи баланд доир намудани ин гуна барномаҳо аз ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад. Имрӯз бонувон ҳам метавонанд озодона ба соҳибкорӣ машғул шаванд, фарзандонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва пос доштани обу хоки диёри аҷдодӣ тарбия намоянд. Ҷавононро мебояд ба чунин чеҳраҳои варзида пайравӣ намуда, дар пешбурди зиндагии худ аз таҷрибаи онҳо омӯзанд ва дар рушди босуботи Тоҷикистон ҳиссагузор бошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






