ОБУ ҲАВО: аз 13 то 15 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ мегардад

Ноябрь 13, 2017 09:04

ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро  огоҳ менамояд, ки аз 13 то 15 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ мегардад. Дар ин муддат тадриҷан то 8-10 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво низ дар назар дошта шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, 13-14 ноябр дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши шамол аз самти шарқ ба 17-22 метр дар як сония мерасад. Дар баъзе аз минтақаҳои вилояти Хатлон тӯфони гардолуд ва чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои ғуборолуд пешбинӣ мешавад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят  шабона  7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 13-18 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.

 

Ноябрь 13, 2017 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд