ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳаво абрноки бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 11.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 11 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 3-8 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-8 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






