ОБУ ҲАВО: имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш дар назар аст

Ноябрь 16, 2017 08:47

ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 16 ноябр, дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрноки тағйирёбанда ва бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон рӯзона ҳавои абрноки бебориш  ва шабона фаромадани туман ва боридани борон пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  9-14 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то  4 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш, шабона  дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф ва фаромадани туманро пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 8-13 дараҷа мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва бебориш пешбинӣ шуда, шабона дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф  дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 2-7 ва рӯзона ба 8-13 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ  шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.

 

 

 

Ноябрь 16, 2017 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад