ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон дар назар аст

Ноябрь 8, 2017 09:00

ДУШАНБЕ, 08.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда  дар назар дошта шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон пешгӯӣ мешавад.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+4 ва рӯзона 15-20 дараҷа, дар шарқи ин вилоят  шабона  7-12 ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда ва дар баъзе минтақаҳои кӯҳӣ  борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-8 ва рӯзона 17-22 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 20-25        дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 0-5 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 5-7 ва рӯзона 21-23 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 8, 2017 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад