ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст

Ноябрь 20, 2017 09:20

ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 20 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон  ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанди бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  10-15 ва дар баъзе ҷойҳо 15-20 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4 дараҷа хунук то  1 дарача гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ аз 3-8 то 15-20 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ  шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 0-2 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 20, 2017 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд