ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борону барф дар назар аст

Ноябрь 27, 2017 10:19

ДУШАНБЕ, 27.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки имрӯз, 27 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора тағйир ёфта, боридани борон, барф ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ, ба истиснои ВМКБ борони шиддатнок пешгӯӣ мегардад. Дар назар аст, ки ҳарорати ҳаво то 10-12 дараҷа паст шавад.

Бино ба иттилои манбаъ, имрӯз, 27 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои абрнок ва боридани борону барф дар назар дошта шудааст.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон  ҳавои абрнок, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф пешгӯӣ гардида, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят  шабона  12-17 дараҷа хунук ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва  боридани  борону барфро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ дар як сония 3-8  метр мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, боридани борону барф, (баъзан бошиддат) дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат шабона 0-2 дараҷа хунук ва рӯзона 7-9 дараҷа гарм мешавад.

Ноябрь 27, 2017 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад