ОБУ ҲАВО: имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш дар назар аст

Ноябрь 3, 2017 09:00

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 3 ноябр дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш дар назар дошта шудааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳарорат дар водиҳо рӯзона ба 23-28 дараҷа гармӣ мерасад. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 16-21 дараҷа ва дар шарқи он  4-9 дараҷа гарм мешавад.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 15-20 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноки бебориш гашта, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 24-29 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 27-29 дараҷа гарм мешавад.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  аз имрӯз то 5 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, пастшавии ҳарорат бештар  дар ноҳияҳои вилояти Суғд  пешгӯӣ мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ,  дар вилояти Суғд ва як қатор навоҳии вилояти Хатлон шамоли сахт бо суръати то 12-17 метр дар як сония вазида,  ҳарорат рӯ ба пастшавӣ меорад.

Ноябрь 3, 2017 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад