Омӯзгори тоҷик Аълочии маорифи Қирғизистон шуд

Ноябрь 10, 2017 09:55

ДУШАНБЕ, 10.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо  фармони Гулмира Кудайбердиева, Вазири омӯзиш ва илми Қирғизистон  ба Истодаой Турсунова нишони «Аълочии соҳаи маориф» тақдим гардид.

Тавре Қодиршои Мурувват, муовини раиси Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ  ба АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, номбурда барои саҳми шоиста  дар тарҷумаи китоб ва маводи дарсии тоҷикӣ ба ин ҷоизаи вазорат сазовор шудааст.

Истодаой Турсунова зодаи шаҳри бостонии Панҷакент ва хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ)  буда, чанд сол боз бо хонаводаи худ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон зиндагӣ дорад. Ӯ дар дабиристонҳои шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Панҷакент аз забону адабиёти тоҷик ва хатти ниёгон ба шогирдон дарс гуфтааст. Ин бонуи боистеъдоди тоҷик дар маҳалли зисти нав  низ ором нанишаста, бо таъсиси курсҳои забономӯзӣ ба фарзандони тоҷик забони модарӣ ва таъриху фарҳанги ниёгонамонро  ёд медиҳад. Вай дар фаъолияти Иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикон ба номи устод Рӯдакӣ низ саҳм гузошта, барои муаррифии урфу одат, вижагиҳои ҷашни Наврӯзу Меҳргон миёни сокинони Қирғизистон талош ба харҷ  медиҳад.

Равшанбек Собиров, раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон изҳор медорад, ки «саҳми муаллима  И. Турсунова  дар пешрафти корҳои ҷамъиятӣ қобили ситоишу таҳсин аст ва мавсуф ба дарёфти ҳама унвонҳо шоиста мебошад. Чанд сол боз  суманаки наврӯзии Истодаой Турсунова мавриди қабули меҳмонону сокинони Бишкек қарор ёфтааст ва кумаку ҳамдастии ӯ бобати нигаҳдории  суннатҳои миллии мардуми тоҷик дар  ин кишвари ҳамсоя  ҳамвора эҳсос мегардад».

Вазорати фарҳанги Қирғизистон чанд сол қабл ин бонуи тоҷикро бо нишони «Аълочии соҳаи фарҳанги Қирғизистон» низ сарфароз гардонида буд.

Истодаой Турсунова ҳамзамон соҳиби нишонҳои  «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» мебошад.

Ноябрь 10, 2017 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд