Ҷорӣ намудани низоми мустақил ва беғарази судӣ- шарти муҳими таҳкими афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон — ҳамоиш дар Суди Олии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ додем, ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6 ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамоишҳои мавзӯӣ идома доранд. Дирӯз дар Суди Олии Тоҷикистон бахшида ба 23-солагии қабули Конститутсияи мамлакат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Зикр карда шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ҷиҳати гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ заминаи воқеӣ гузошт, зеро мавҷуд будани низоми мустақил ва беғарази судӣ аз шартҳои муҳими рушди демократия, таҳкими афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад.
Шермуҳаммад Шоҳиён вобаста ба таърихи қабул шудани Конститутсияи мамлакат, моҳияти моддаҳои он мулоҳизаҳои худро изҳор карда, таъкид намуд, ки «дар Конститутсияи Тоҷикистон арзишҳо ва принсипҳои хеле муҳим дарҷ гардидаанд, аз ҷумла, инсон ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ қабул гардида, бисёрҳизбӣ ва гуногунақидагии сиёсӣ миёни мардум эътироф карда шудааст. Ҳоло дар мамлакат 7 ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият доранд. Ин аҳзоб дар давоми даҳсолаи охир таҷрибаи фаъолияти сиёсӣ низ касб карда, дар чорабиниҳои муҳими сиёсии давлатӣ, ки тибқи Конститутсияи ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, фаъолона иштирок мекунанд. Аз ҷумла, дар Парлумони касбии мамлакат намояндагони 6 ҳизби сиёсӣ ба омода ва таҳия намудани санадҳои ҳуқуқӣ машғул мебошанд».
Ш.Шоҳиён зикр кард, ки «дар сатҳи Конститутсияи Тоҷикистон озодии эътиқод, сухан ва матбуот низ эътироф ва қабул карда шуда, дар татбиқи усули озодии сухан ва матбуот ҷумҳурӣ мавқеи пешрафта ишғол мекунад. Гуногуншаклии моликият низ аз арзишҳои муқаддас мебошад, ки он дар Конститутсия дарҷ гардидааст».
Иштирокдорони ҳамоиш изҳор карданд, ки бо мақсади демократикунонии минбаъдаи ҳаёти сиёсиву иҷтимоии ҷомеа, таъмини қонуният ва адолати иҷтимоӣ ба Конститутсия се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин ба масъалаи таҳким бахшидан ва баланд бардоштани нақши ҳокимияти судӣ дар низоми ҳокимияти давлатӣ мусоидат кардааст.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






