Қосим Роҳбар, Раиси Кумитаи рушди маҳал: «Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро дар ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳибтамаддун муаррифӣ менамояд”

Ноябрь 24, 2017 16:23

ДУШАНБЕ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Кумита Қосим Роҳбар ва ҳайати кормандони Кумита бахшида ба рӯзи Парчами миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд. Зимни ҷамъомад раиси Кумита Қосим Роҳбар иброз намуд, ки “ҷашни Парчам аз зумраи он ҷашнҳоест, ки имрӯз симои Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, муқтадир, бофарҳанг ва соҳибитамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Таҷрибаи гузаштаи миллати тоҷик агар аз як тараф боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз тарафи дигар, асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст. Парчам дар тӯли таърихи миллати тоҷик нақш ва рисолати муҳим дошт”.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд. 30 августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 м, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 м ва дарозии он 60 м мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун як рамзи давлатӣ шинохта шудааст, албатта, дар заминаи хушку холӣ ба миён наомадааст. Зимни омода намудани он аз сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ истифода шудааст. Аз ин рӯ, мардуми мо ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо карданд.

 

 

Ноябрь 24, 2017 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад