Озмун барои муайян кардани беҳтарин хонандагони китобҳои Пешвои миллат

Ноябрь 16, 2017 15:07

ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни хонандаи беҳтарини китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳандозӣ намояд.

Тавре дар ин бора ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ  Хайём Амонов иттилоъ дод, озмуни мазкур се марҳиларо дар бар гирифта, даври аввали он дар муассисаҳои миёна  ва олии касбӣ доир мегардад.

Даври дуюм дар сатҳи ноҳиявӣ ва марҳилаи сеюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.

Ба иттилои Хайём Амонов, ҳадаф аз баргузории  озмун ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши осори Пешвои миллат  бо мақсади ташаккули тафаккури сиёсиву ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани савияи дониши ҳукуқиву ҳисси ватанпарастиву ватандӯстӣ, худшиносии милливу худогоҳӣ, инчунин пешгирии ҷавонон аз тақлиди фарҳанги бегона мебошад.

Дар марҳилаи сеюм ғолибон  бо туҳфаҳои Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳо қадрдонӣ шуда, ғолиби ҷои аввал ба Ҷумҳурии Мардумии Чин равон карда мешавад.

Ноябрь 16, 2017 15:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд