Парлумон барои воридоти таҷҳизот ҷиҳати татбиқи лоиҳаи низоми пардохти электронии роҳкиро сабукӣ медиҳад

Ноябрь 27, 2017 11:12

ДУШАНБЕ,27.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон рӯзҳои наздик ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»  илова ворид менамоянд. Тибқи он таҷҳизоти зарурии барои татбиқи лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» воридшаванда аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки имрӯз дар ҳузури Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд. Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба молия ва иқтисод зимни  тавзеҳи масъала гуфт, ки илова бо лоиҳаи қонун бо мақсади беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба низом даровардани пардохти роҳкиро, аз байн бурдани гуногунфаҳмиҳо ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани симои пойтахти кишвар  ворид карда мешавад.

Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон «Нақшаи ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро баррасӣ намуданд.

Ноябрь 27, 2017 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон