Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз истеъдоди Ёсуман ва Манижа, ки дар озмуни шабакаи телевизионии «Россия-1» ғолиб омаданд, изҳори таҳсин ва таҳният намуданд

Ноябрь 6, 2017 16:11

ДУШАНБЕ, 06.11.2017./НИАТ «Ховар»/.  Асосгузори сулҳу ваҳдати no-breastcancer.com миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ  дар маросими баъди азнавсозӣ ба истифода супоридани Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз истеъдоди Ёсуман Исмонзода  ва Манижа Тошболтаева, ки дар озмуни «Кӯдакони нобиға»( “GeniusKid-2017”)-и шабакаи телевизионии «Россия-1» ғалаба ба даст оварданд,  изҳори таҳсин ва таҳният намуданд.

Пешвои миллат дар ин маросим аз боби  ҳувияти миллӣ ва эҳсоси ватандӯстӣ ҳарф зада,  ғалабаи Ёсуман ва Манижаро дар чунин озмуни байналмилалӣ боиси ифтихор номиданд.

Хотиррасон менамоем, ки Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева  дар озмуни «Кӯдакони нобиға», ки  рӯзи 3-юми ноябр дар Москва оғоз ёфт, дар байни 250 ширкаткунанда аз 11 кишвар мақоми аввалро соҳиб шуданд. Ин ду духтари навраси тоҷик  баъди намоиши истеъдодашон дар телевизиони давлатии Русия ба чеҳраҳои маъруф дар шабакаҳои иҷтимоӣ табдил ёфтанд.

Ёсуман ва Манижа дар озмун истеъдоди фавқуллодаи худро нишон дода,  ғалаба ба даст оварданд. Бар иловаи ҷоизаҳои моддие, ки ғолибони озмун мегиранд, Манижа барои ширкат дар марҳилаи баъдии озмуни “Арифметикаи зеҳнӣ” роҳхат гирифт, ки қарор аст, моҳи декабри имсол дар Африқои Ҷанубӣ баргузор шавад.

Ёсуман ва Манижа охири моҳи октябр дар ду барномаи “Одамони ғайиоддӣ” дар шабакаи телевизионии Россия-1 ширкат карданд ва бо истеъдоди худ мухлисони барномаро дар ҳайрат гузоштанд.

Манижа Тошболтаева дар ин барнома суръати мошини дар ҳоли ҳаракатро мушаххас гуфт ва бинандагонро дар ҳайрат гузошт. Ёсуман Исмонзода бо қобилияти фавқуллода доварони барномаро шигифтазада кард:  дар муддати ду дақиқа камтар 100 шумораи даҳӣ ва садиро ҷамъу тарҳ кард ва ҷавоби дуруст дод.

Ёсуман Исмонзода хонандаи синфи 9 -и Литсейи равияи табиии риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Бо бародараш Абубакр Исмонзода дар чандин олимпиада ширкат карда, соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.    Ҳарду дар Маркази таълимии Академияи арифметикаи зеҳнӣ ҳам таҳсил мекунанд.

 

Ноябрь 6, 2017 16:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад