Пйесаи «Назаркарда» ифодагари талошҳои сулҳофарини Пешвои миллат мебошад

Ноябрь 28, 2017 11:33

ДУШАНБЕ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Пйесаи нависанда, тарҷумон ва драматурги тоҷик Абдуғаффор Абдуҷаббор таҳти номи «Назаркарда» аз тариқи нашриёти «Адиб» ба нашр расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  пйесаи мазкур бахшида ба талошҳои сулҳофарини Асосгузори сулҳу ваҳдати милли- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҷод гардидааст.

«Абдуғаффор Абдуҷаббор аз ибтидо то рӯзи оштӣ иштирокчии иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъди панҷ соли он яке аз муаллифони асосии сабқати телевизионӣ ба ифтихори баимзорасонии Созишномаи истиқрори сулҳ мебошад. Ӯ дар пйесаи худ кӯшиш ба харҷ додааст, ки мушоҳидаҳои шахсӣ ва саҳифаҳои ҳассоси он айёми таърихиро аз нигоҳи дарки бадеии воқеаҳо ба риштаи тасвир кашад»,- хабар доданд аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Пйесаи «Назаркарда» марҳилаи  муҳими таърихи муосири Тоҷикистонро дар бар гирифта, аз лаҳзаҳои  ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон то суханронии он касро аз минбари баланди Ассамблеяи генералии 52-юми СММ оид ба сулҳи бебозгашти тоҷикон ба аҳли олам бозгӯӣ мекунад.

Ноябрь 28, 2017 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд