Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад
ДУШАНБЕ, 02.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо сафари расмии дурӯза вориди пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе шуд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол намуданд.
Интизор меравад, ки худи ҳамин рӯз Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ анҷом диҳад.
Бояд тазаккур дод, ки ин сафари чоруми расмии Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон дар 9 соли раҳбариаш аст. Президенти Туркманистон бори охир дар моҳи май соли 2014 ба Душанбе ташриф оварда буд. Дар 22 соли ахир миёни ин ду кишвар беш аз 50 созишномаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф имзо шуда, ҳаҷми табодули молу коло байни ду кишвар соли гузашта 93 миллион долларро ташкил додааст.











Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






