Прокуратураҳои генералии Тоҷикистону Беларус Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2018-2019-ро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Прокуророни генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Ҷумҳурии Беларус Александр Конюк барномаи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои ҳарду ҷониб барои солҳои 2018-2019-ро бо нишон додани тадбирҳои мушаххаси муштарак ба имзо расониданд.
Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар додааст, ки ин барномаи ҳамкорӣ дар шаҳри Минск, 24 ноябри соли 2017 зимни вохӯрии кории ҳарду ҷониб ба тасвиб расидааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкории ҳуқуқӣ, масоили ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқ, таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо ҷинояткорӣ ва коррупсия, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ, инчунин мубодилаи таҷриба зимни амалисозии корҳои соҳавиро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






