Рӯзҳои истироҳат ҳунармандони Роғуну Норак ба сокинону меҳмонони Душанбе барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод менамоянд
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе бахшида ба Соли ҷавонон барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ доир мегарданд. Тавре мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, 4-5 ноябр дар боғҳои «Ирам», «Рўдакӣ», «Парчами давлатӣ», «Дўстӣ», МД Амфитеатри «Аҳорун» ва майдони «800-солагии Москва» барномаҳои фарҳангӣ доир мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, 4 ноябр дар Амфитеатри «Аҳорун» дастпарварони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон, дар Боғи «Парчами давлатӣ» дастпарварони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар Боғи «Рӯдакӣ» ҳаваскорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар Боғи «Ирам» Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, дар Боғи «Дӯстӣ» бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ ва дар майдони «800-солагии Москва» Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо барномаҳои ҷолиб хотири ҳаводорони санъати мусиқиро болида мегардонанд.
5 ноябр баргузории барномаҳои фарҳангии шаҳри Роғун дар Боғи «Ирам» , ноҳияи Рӯдакӣ дар Боғи «Парчами давлатӣ», ноҳияи Варзоб дар Боғи «Рӯдакӣ», Коллеҷи тиббӣ- иҷтимоии шаҳри Душанбе дар Боғи «Дӯстии халқҳо» ва барномаҳои фарҳангии шаҳри Норак дар майдони «800-солагии Москва» дар назар дошта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ дар Боғи «Ирам» соати 10:00 ва дар дигар боғҳои фароғатӣ соати 16:00 оғоз мегарданд.









Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






