Рӯзи Президент-ифтихори тоҷикон: маҳз муборизаи пурҷасорати Президенти Тоҷикистон сабаб шуд, ки Тоҷикистон тақдири Сурия ва Ироқи имрӯзаро ба худ касб накард

Ноябрь 15, 2017 15:45

ДУШАНБЕ, 15.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз  мо  ба Сурияву Ироқи абгору ҷангзада  менигарем ва  сад шукр мегӯем ба Офаридгори пок, ки  наҷотбахши миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба мо  ато намуд. Ба  ӯ   қуввату  ҷасорат бахшид, то ӯ ҳастии худро баҳри  наҷоти  миллат, ҳифзи марзу буми  Ватан ва хотима бахшидан ба низои шаҳрвандӣ бахшад.

Ин суханонро доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи сиёсатшиносии  Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам  Ҳайдаров ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иброз намуд.

Манзур аз ин гуфтаҳо он аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арафаи иди бузурги миллати тоҷик- Рӯзи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қарор дорад.  Ёдовар мешавем, ки 15 апрели соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо ворид гардид. Мувофиқи ин тағйирот ҳамасола 16 ноябр- ин рӯзи таърихӣ ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Рустам Ҳайдаров мегӯяд, “вақте  ки мо дар мавриди ин иди милливу давлатии Тоҷикистон сухан мегӯем, пеш аз ҳама, аз Институт ё ниҳоди президентӣ ёдовар мешавем, ки он меҳвари калидии низоми сиёсии Тоҷикистони имрӯза аст ва Асосгузори ин ниҳод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст”.

Ба андешаи номбурда, таҳкими истиқлолияти давлатии тоҷикон бевосита ба ташаккули ниҳоди президентӣ  вобастагии мантиқӣ дорад. Буҳрони шадиди сиёсии солҳои аввали истиқлолияти давлатии мо маҳз бо  ибтикори стратегии  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бартараф гардид. Хусусиятҳои фавқулодаи сарварии  Пешвои миллат ба  ӯ имкон доданд, ки чунин як низоми сиёсие  дар Тоҷикистон ташкил гардад, ки он дар давраи ҷаҳонишавии босуръат ба тамоми хатару таҳдидҳои дохилӣ ва берунӣ муқовимат карда тавонад. Чуноне ки дар боло зикр гардид, асоси ин низомро ниҳоди президентӣ ташкил медиҳад.

Донишманди тоҷик нақл кард, ки ба мисли дигар  ниҳодҳои  низоми сиёсӣ, ниҳоди президентӣ ҳам дар Тоҷикистон сохтори махсус дорад. Унсурҳои муҳими сохтории ин ниҳодро ӯ, пеша аз ҳама, дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои амнияти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуд, ки нақши онҳо дар амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии  Президент  баҳри рушди кишвар хеле муҳим аст. “Имрӯз фаъолияти самараноки сохторҳои ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон  ҳамчунин ба   тахассуси баланди   Раиси Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут аст, ки кори ин   сохторро дар асоси инноватсияҳои муосири мудирият  ба роҳ мондааст. Дар моддаҳои Конститутсияи   Тоҷикистон омадааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад». Аҳамияти амалӣ ва таърихии ташаккули ниҳоди президентӣ, пеш аз ҳама, аз он иборат мебошад, ки он ҷараёни ҳаводиси фоҷеабори ҷомеаи тоҷиконро, ки ба як буҳрони  бенизомиву беқонунӣ расида буд, ба фазо ва доираи қонун бозгардонд, ҳокимияти сиёсиву мудириятро, ки ҳам дар сатҳи амудӣ ва ҳам дар сатҳи уфуқӣ пурра фалаҷ шуда буд, аз нав барқарор намуда, асоси қонунӣ бахшид”,-гуфт Рустам Ҳайдаров.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, Тоҷикистон бо ба даст овардани истиқлолият,     ҳадафи лоиҳаҳои низоъангези   абарқудратҳо ва хусусан як гурӯҳ мамлакатҳои Шарқи Наздик гашт, ки мехостанд  дар Тоҷикистон давлати исломӣ барпо намоянд ва  як гурӯҳ  гумроҳони миллатро бар сари  қудрат биоранд. Президенти Тоҷикистон ҳамчун ватандори асил  ин ҳадафҳои ғаразноки душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳоро  сари вақт ифшо намуда, бо тамоми ҳастиаш бар зидди онҳо мубориза бурд.

Миллати тоҷик, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ  ба доми фиреби як гурӯҳ зиёиёни  ба ном  “миллатпараст” афтода, баъдан   ба гирдоби низои  шаҳрвандӣ  ворид гашту роҳи халосиро аз он намедид,   имрӯз бори аввал   дар таърихи инкишофи  худ соҳиби Пешвои миллат гашт  ва дар атрофи ӯ муттаҳид шуд.  Иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат  зери фишори душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо  шикаст нахӯрд ва ӯ тавонист, ки бо  истодагарӣ ва ҷасорати худ  ҷанги шаҳрвандии тоҷиконро ба анҷом расонида, сулҳу суботро  дар Тоҷикистон   таъмин намояд. Сулҳе, ки Пешвои миллат  ба халқи ба ҷон баробару маҳбубаш овард, кафили истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон гашт.  Ҷомеи ҷаҳонӣ ва дӯсту душмани сарзамини мо шоҳиди он гаштанд, ки миллати тоҷик Пешвое дорад ва  ӯ  миллатро сарҷамъ намуда, истиқлолияташро  маҳфуз дошта метавонад.

Ба андешаи ҳамсуҳбат, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шермарди даврони худ ба низои  шаҳрвандӣ хотима бахшида,  сохти конститутсиониро дар кишвар барқарор гардониданд. “Вақте ки ӯ ҳамчун сулҳофар ба сӯи  мухолифини сиёсии миллати мо дасти дӯстӣ дароз карданд, пеша аз ҳама, манфиатҳои миллии  моро, ояндаи ҳамватанони  худро дар пеши назар доштанд….

Эмомалӣ Раҳмон нангу номуси миллати моро ҳифз карданд…. нангу номуси ҳар як тоҷикро ҳифз карданд. Пешвои миллат нагузоштанд, ки миллати тоҷик сархаму пароканда бошад. Хислату тафаккури адолатпарастона ҳидоят мекард, ки  пайваста дар андешаи наҷоти Ватан  аз вартаи ҷанг бошанд…

Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб дарк мекарданд, ки мо давлати хурд,  аммо  миллати бузургем…. Мо, тоҷикон, дар таърихи худ ба касе душманӣ надоштему ҷангҷӯ набудем.  Дар  фарҳанги мо, дар ҳофизаи таърихи мо  афкоре аз ҷангу низоъ набуд, нест  ва нахоҳад буд. Лекин агар душман  ба сари мо ояд,  таслим нахоҳем шуд. Ҳар як қитъаи ватанамонро ҳамчун сарбози вафодори Пешвои миллат   дифоъ мекунем… Ман итминони комил дорам, ки ҳазорсолаҳо паси сар мешаванду номи Эмомалӣ Раҳмон бо ин хизматҳои арзишмандашон ҳамчун наҷотбахши миллати тоҷик дар  қатори дигар муборизони бузурги насли покфитрати ориёнажодҳо, ба мисли  Исмоили Сомонӣ, Смитамен, Темурмалик дар ёдҳо хоҳад монд”.

Номбурда мегӯяд, ки Пешвои миллат тамоми  истеъдоди сиёсии худро баҳри овардани сулҳ ба ватан равона намуданд. Ин як имтиҳони ҷиддии таърих ва сарнавишт дар ҳаёти ин абармарди бузурги тоҷик буд. Пешвои миллат ин  санҷиши таърихро  сарбаландона паси сар намуда, хуб дарк менамуданд, ки ҳоло имтиҳонҳое бузурге баҳри наҷоти миллату ояндаи дурахшони он  дар пеш ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки маҳз дар давраи  гузаронидани музокироти  байни тоҷикон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаккули фарҳанги  ваҳдатгароӣ  замина гузоштанд, ки он имрӯз  унсури ҷудонашавандаи тафаккури сиёсии  ҷомеаи тоҷик мебошад.  Ин падидаи хеле муҳиме дар афкори сиёсии мост. Умед аст, ки   муҳаққиқони илмҳои ҷомеашиносии тоҷик ба    пажӯҳиши  паҳлуҳои гуногуни ин масъала диққати махсус медиҳанд.

Зикр гардид, ки баъди ба эътидол омадани вазъи сиёсиву ҳарбӣ дар ватани мо, рушди  босуботи кишвар дар  шоҳроҳи  демократкунонии ҷомеа  ва  ваҳдати миллӣ,  маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии   Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон   амалӣ шуда истодаанд. Инкишофи ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз бо  раванди босуръати ҷаҳонишавӣ   робитаи амиқ  дорад. Мо шоҳиди  тағйироти бузург дар  молия ва иқтисоди ҷаҳон,  бархӯрди тамаддун ва фарҳангҳо, муташанниҷ гардидани вазъи геополитикӣ дар  минтақаҳои гуногуни сайёра  ҳастем, ки ин падидаҳо бевосита  ба раванди  ҷаҳонишавӣ  вобаста  мебошанд. Тоҷикистони азизи мо ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеи ҷаҳонӣ аз таъсири мусбат ва манфии раванди чаҳонишавӣ эмин монда наметавонад.  Аз ин рӯ,  Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ба ин масъала диққати хеле ҷиддӣ медиҳанд. Барои таъмини рушди  босуботи Тоҷикистон  дар давраи ҷаҳонишавӣ    Пешвои миллат  назар ва ё дидгоҳи стратегии  худро доранд, ки амалишавии он  аз оғози фаъолияти  ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон сурат гирифтааст. Пеш аз ҳама,  сухан дар бораи   ҳифз ва таҳкими истиқлолияти сиёсии Тоҷикистон меравад, ки Пешвои миллат ба  ин ҷанбаи инкишофи Тоҷикистон   аҳамияти махсусан ҷиддӣ медиҳанд.

Имрӯз мақсади  ягонаи халқи тоҷик бунёди ҷомеаи демократӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ мебошад. Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди  дунявӣ имкон медиҳад, ки дар ҳудуди он ҳар як шаҳрванд нафаси озод кашида тавонад,  баробарҳуқуқии ҳар як узви ҷамъият, озодии ҳақиқии виҷдон, сухан таъмин бошад, барои баландшавии дараҷаи  зисту зиндагии  мардум шароити  зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Ҳамсуҳбат яке аз ҷузъҳои муҳими    истиқлолиятро таҳкими истиқлолияти  иқтисодии Тоҷикистон   номид, ки   Пешвои миллат ба он ҳам  аҳамияти  хеле ҷиддӣ медиҳанд.

Рустам Ҳайдаров иброз намуд, ки баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ низоми ягонаи иқтисодии ин кишвар  аз байн рафт ва мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоиро барои Тоҷикистони тозаистиқлол ба бор овард. Чунин мушкилиҳо тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар, хосатан соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва ғайраро фаро гирифтанд. Баъд аз он, ки дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид, дар назди Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи таъмини рушди устувори иқтисодии кишвар ба миён омад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои инкишофи минбаъдаи кишвар се ҳадафи стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро муайян намуд.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо неруи барқ ғайриимкон аст.  То имрӯз бевосита бо ташаббуси Пешвои миллат чандин лоиҳаи бузурги иқтисодӣ дар Тоҷикистон амалӣ шуда, шоҳсутуни  истиқлолияти иқтисодӣ шудаанд.

“Дар давраи ҷаҳонишавӣ  масъалаи   ҳифзи фарҳанги миллӣ низ ба миён  меояд. Қобили зикр аст, ки  бо ибтикори Пешвои миллат  ташаккули фарҳанги замони истиқлолият дар заминаи фарҳанги ахлоқӣ ва ҳаёти маънавии халқи тоҷик дар рӯҳияи сулҳпарварӣ ва таҳаммулгароӣ  асос  ёфта истодааст. Дар муқобили идеяҳои таҳмилшудаи  хориҷӣ, ки ҳадафашон  аз сар задани низои миллӣ ва мазҳабӣ иборат аст, фарҳанги миллии мо  бо ҷалби қувваҳои  фарҳангии дунявӣ  ба сӯи  ризоият  ва  ваҳдати миллӣ  қадам мезанад”,-илова намуд ӯ.

Таҷлили 25-умин солгарди   Иҷлосияи  таърихии XVI Шӯрои Олиро Рустам Ҳайдаров бори дигар исботи комилан ҳақ будани миллати тоҷик дар интихоби Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвли  миллат номида, афзуд, ки таърих гувоҳ аст, ки Эмомалӣ Раҳмон меъмори аввалин давлати миллии дунявии тоҷикон аст, ки  он дар асоси мардумсолорӣ ва беҳтарин арзишҳои демократияи муосири ҷаҳонӣ ва бо такя ба суннат ва анъанаҳои миллии мо сохта шудааст. “Таъкид кардан мехоҳам, ки давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он дин аз сиёсат ҷудо карда шудааст. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси меъёрҳои динӣ, балки дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ танзим мегарданд. Ин мавқеи принсипиалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад  ва ман ҳамчун ватандору ватанпараст комилан ин мавқеи сиёсии роҳбари давлатро дастгирӣ менамоям. Ҳар давру замон  мушкилоти ба худ хос доранд ва он танҳо  дар асоси муттаҳид шудан дар атрофи Пешвои миллат бартараф мегардад”,-хулоса намуд файласуфи тоҷик.

 

Мавҷуда АНВАРӢ

АМИТ “Ховар”

Ноябрь 15, 2017 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми зуком сайру гашт дар ҳавои тоза ва худдорӣ аз ҷойҳои серодам тавсия дода мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. 6 маҳсулоте, ки бояд дар фасли зимистон истеъмол намуд
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Қутбия Наимова бо ҳунари нонпазӣ ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфт
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун неруи пешбари ҷомеа мардумро ба ободонию созандагӣ роҳнамоӣ менамояд
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
ҲИЗБИ СОЗАНДАИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон