Сапардурдӣ Тойлиев, муовини Сарвазири Туркманистон: «Дар самти маориф метавон таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омўзиш қарор дод»
ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари расмии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябри соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири маориф ва илм Нуриддин Саид бо муовини раиси Шўрои вазирони Туркманистон Сапардурдӣ Тойлиев доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат муовини раиси Шўрои вазирони Туркманистон Сапардурдӣ Тойлиев иброз дошт, ки баъди имзои Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон дар бораи эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои давлатӣ оид ба таҳсилот ҳамкорӣ дар соҳаи маориф боз ҳам вусъат ёфта, таҳсили донишҷўёни Туркманистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёдтар хоҳад гашт.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид пешниҳод намуд, ки минбаъд дар баробари донишҷўён табодули проффесорону устодон низ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба роҳ монда шавад.
Дар вохўрӣ мубодилаи афкор доир ба низоми маорифи ҳарду кишвар сурат гирифт. Баъд аз муаррифии низоми маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Шўрои вазирони Туркманистон Сапардурдӣ Тойлиев иброз дошт, ки дар самтҳои мухталиф метавон таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди омўзиш қарор дод.
«Мо ният дорем, ки дар солҳои баъдӣ як маркази қабули хонандагон ба муассисаҳои олиро дар Туркманистон таъсис диҳем. Аз ин рў, моро зарур аст таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти таъсиси Маркази миллии тестӣ ва фаъолияти он барои қабули хонандагону донишҷўён ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мавриди омўзиш қарор диҳем»,-зикр кард Сапардурдӣ Тойлиев








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






