Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 23.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Аҳмад Султон Иссо Ал-Ҷобир мулоқот кард.
Дар мулоқот вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт ва сайёҳӣ табодули назар карда шуд.
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода соли 2017-ро соли ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни ду давлат арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки минбаъд ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани муносибатҳои дуҷониба дар ҳамаи бахшҳо тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.
Ҷонибҳо баргузории ҷаласаи Коммисияи муштарак ва таъсиси Шӯрои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро дар бахши иқтисоду тиҷорат баманфиат арзёбӣ намуданд.
Барои ба сатҳи зарурӣ расонидани ҳамкорӣ муаррифии ҳарчи бештари лоиҳаҳо ва имкониятҳои сармоягузорӣ муҳим шуморида шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






