«ШАҲНАВОЗ»-шабакаи нави телевизионии мусиқӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи нави телевизионии мусиқии «Шаҳнавоз» ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре аз Кумитаи телевизион ва радио ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар расми ифтитоҳи шабакаи нави телевизионӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён иштирок намуданд.
Мақсад аз таъсиси шабакаи нави мусиқӣ таблиғ ва рушди санъати асили мусиқии тоҷик ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳунармандону овозхонони тоҷик мебошад.
Шабакаи нави мусиқии «Шаҳнавоз» дар заминаи «Телевизиони Тоҷикистон» таъсис ёфта, дар канали алоҳида фаъолият менамояд ва тавассути он давоми 24 соат консерту барномаҳои мусиқӣ таҳия ва пахш мешаванд.
Сармуҳарири барномаҳои «Субҳ»-и Телевизиони Тоҷикистон Манучеҳр Ализода алҳол роҳбарии шабакаи мазкурро бар дӯш дорад.
Хотиррасон менамоем, ки шабакаҳои телевизионии «Телевизиони Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», «Варзиш», «Синамо» ва «Футбол» аз зумраи шабакаҳое мебошанд, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар таъсис ёфтаанд. Дар ин қатор шабакаи мусиқии «Шаҳнавоз» ҳаштумин шабакаи телевизионӣ маҳсуб мешавад.























Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд






