«ШАБЕ ДУР АЗ ВАТАН». Зиндагиномаи Бозор Собир дар саҳнаи Озмуни байналмилалӣ ба намоиш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 18.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз 20 то 27 ноябри соли равон дар шаҳри Владикавкази Федератсияи Россия Фестивали байналмилалии театрҳои миллӣ- «Саҳна-бидуни сарҳад» баргузор мегардад.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар фестивали мазкур аҳли ҳунари Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М. Воҳидов бо роҳбарии директори театр, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Толиб Бобоев бо намоиши «Шабе дур аз Ватан» иштирок хоҳанд кард.
Намоиш аз зиндагии шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собир нақл карда, онро коргардон Нозим Меликов рӯи саҳна овардааст. Дар намоиш ҳунарпешагони театр Абдумӯъмин Шарифӣ ва Сӯҳроб Ҷанҷолов нақшофарӣ менамоянд.
«Шабе дур аз Ватан» ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2011» буда, дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Афғонистон, Молдова, Қазоқистон, Қирғизистон ва Россия санъати театрии тоҷикро муаррифӣ кардааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






