Ширкати IRS барои нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқ дар фасли зимистон омода аст

Ноябрь 22, 2017 09:26

ДУШАНБЕ, 22.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Филиали ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД», ки нигоҳдории  роҳи Душанбе-Чаноқро  ба зимма дорад, ҷиҳати иҷрои  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои  иқтисодиёт ва иҷтимоёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018»   тадбирҳои судманд амалӣ менамояд.

Тавре аз   маркази матбуоти филиали ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар»  хабар доданд,  бо ин мақсад  дар навбати аввал таваҷҷуҳ ба сатҳи омодагӣ ва ҳолати кории техникаву таҷҳизот зоҳир гардида, ба қадри кофӣ маводи зиддилағжиш ва сӯзишворӣ захира  карда шудааст. Аз ҷумла, 10  ҳазору 550 метри мукааб қум, 1 ҳазору 10 тонна намак,  227 ҳазору 270 литр сўзишвори дизелӣ,  66 тонна ангишт, 51,4 метри кубӣ ҳезум ва  ба қадри зарурӣ либоси зимистонаи махсус барои кормандон захира шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. Алҳол зиёда аз 181 мошину техникаи махсуси замонавии филиали Ширкат  барои нигоҳдории роҳ дар фасли сармо омода мебошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки мавҷудияти маҳз ҳамин гуна техникаҳои пуриқтидор замина фароҳам овард, ки ҳатто рӯзҳои сербориши фасли зимистони солҳои пешин   ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ  таъмин гардад.


Тавре зикр шуд,  кормандон бо либосҳои зимистона таъмин шуда, барои фаъолияти муназзами онҳо дар макони муайяншуда  ба миқдори зарурӣ ҳезуму  ангишт   захира  гардидааст.

Хотиррасон  мекунем, ки  солҳои қаблӣ роҳи мазкур ҳамасола 6-7 моҳ аз сабаби фаромадани тарма ва ҳодисаҳои дигари табиӣ баста  мешуд. Замони мавҷуд набудани роҳи муносиб дар ин самт истифодабарандагони роҳ ҳамарӯза бо мушкилоти зиёд дучор гашта, шумораи зиёди одамон ҳатто ҷонашонро аз даст медоданд. Имрӯз  меҳнати шабонарӯзии   кормандони филиали Ширкат чунин хатарҳоро  бартараф  намуда, роҳгузарон  тамоми сол аз роҳи  мошингарди ба меъёрҳо ҷавобгӯ бархӯрдор  мебошанд.

Бояд тазаккур дод, ки  роҳи Душанбе – Чаноқ  барои кишвари мо хеле муҳим маҳсуб шуда, онро ба шараёни асосии хунгард дар ҷисми кишвар  шабеҳ медиҳанд. Дарозии роҳи Душанбе- Чаноқ 358 километрро ташкил дода, масири он аз 3 нақб (Майхўра -897 метр, Истиқлол- 4998 метр, Шаҳристон -5253 метр), 24 галерея ва  38 кўпрук иборат аст. Бо бозсозӣ гардидани роҳи Душанбе -Чаноқ хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон ва воситаҳои нақлиёт бо он мувоҷеҳ буданд, бартараф  мегарданд.

Ноябрь 22, 2017 09:26

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд