Ширкати IRS: масъулин омодаанд, ронандагон низ бояд масъулиятшинос бошанд!

Ноябрь 27, 2017 11:36

ДУШАНБЕ, 27.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Шурӯъ аз шоми дирӯз, 26 ноябр  дар масири роҳи Душанбе – Чаноқ,  аз километри 62 то 84 –уми роҳи мазкур  боришоти шадиди барф ба амал омад. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД»  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  навбати аввал техникаҳои махсуси филиалро барои  аз барф тоза намудани  роҳ сафарбар намуда, дар минтақаи мазкур маводи зиддилағжиш пошиданд.

Дар ин бора  аз маркази матбуоти филиали Ширкати мазкур ба АМИТ «Ховар»  хабар дода,  аз он  изҳори нигаронӣ  намуданд,  ки бо вуҷуди ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ, як идда ронандагон бе омодагӣ (манзур- набудани занҷир, аз ҷиҳати техникӣ комил набудани воситаи нақлиёт ва ғайра) ба роҳ мебароянд. Дар натиҷа чунин ронандагон дар роҳ ба мушкилӣ мувоҷеҳ гардида, барои ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт  монеа эҷод менамоянд. Кор ҳатто то ҷое мерасад, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёт як муддат манъ мегардад.  Бояд ёдовар шуд, ки филиали Ширкати саҳомии «Иновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини ҳаракати муназзаму бемонеаи воситаҳои нақлиёт  дар фасли сармо  омодагии ҳамаҷониба гирифтааст. Ширкат аз тамоми  ронандагон хоҳиш менамояд, ки пеш аз сафар  воситаи нақлиёти худро аз муоинаи техникӣ гузаронида, дигар воститаҳои техникиро, ки  ҳангоми ҳаракат зимни боридани барфу борон    зарурати истифодаи онҳо ба миён меояд,  бо худ гиранд.

Ноябрь 27, 2017 11:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд