ШОМИ ЗЕБО ВА ВАҲДАТ: ҳунармандони Суғдзамин дар Боғи ба номи Айнӣ ба сокинони Душанбе барномаи консертӣ пешниҳод намуданд

Ноябрь 7, 2017 11:08

ДУШАНБЕ, 07.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 6 ноябр барои   сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе яке аз рӯзҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёт буд, зеро ба муносибати рӯзи Конститутсия ва дар арафаи 25-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат пас аз навсозӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар боғи мазкур, ки  дирӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, сокинони пойтахт сайругашт намуда, аз мақбара ва муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ, гулгашт, фаввораҳо ва майдончаи бозии кӯдаконаи он дидан намуданд.

Бегоҳии дирӯз дар Амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ, ки ба як мавзеҳои дилнишини истироҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе табдил хоҳад ёфт, бо садои карнаю сурнай ва таблаку дойра барномаи фарҳангӣ- фароғатии ҳунармандони вилояти Суғд дар фазои орому осуда ҳамчун шоми ваҳдату ягонагӣ оғоз гардид.

Дар барномаи фарҳангии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идора ва корхонаҳо, инчунин сокинони зиёди пойтахт иштирок намуданд.

Барномаи рангини консертӣ, ки пешкаши тамошобинон гардид, иборат аз сурудҳои саршор аз ватандӯстӣ буд ва дар он аксаран сарояндагони ҷавони вилояти Суғд ҳунарнамоӣ карданд.

Яке аз овозхонони ҷавоне, ки ҳангоми ба саҳна баромадан иштирокчиён бо қарсақҳои пурмавҷ истиқболаш гирифтанд, Шоҳрух Юнусов, донишҷӯи соли дуюми Консерваторияи миллии Италия буд. Ӯ дар Қазоқистону Қирғизистон, Россияву Беларус ва Туркияву Америка бо  суруди «Республикаи ман» Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз соли 1954 баъди дар ин мавзеъ ба хок супоридани устод Садриддин Айнӣ қомат афрохта буд. Солҳои охир масъалаи таъмиру навсозии он ба миён омада буд. Таъмиру тармим дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуда, ба симои шаҳри Душанбе ҳусни дигар зам кард.

Барномаи фарҳангии ҳунармандони вилояти Суғд ба кушодашавии боғи мазкур, рӯзи Конститутсия ва Соли ҷавонон бахшида шуда буд.

 

Ноябрь 7, 2017 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶАҲОНИ РАССОМ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши асарҳои Дӯст Азизов ташкил гардид
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Қирғизистон доир мегарданд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои омӯзгорон сайри идонаи осорхонавӣ ташкил гардид
«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд