Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Бадахшон барои ҷавононе, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, давраи омӯзишӣ баргузор кард

Ноябрь 1, 2017 09:09

ХОРУҒ, 1.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии инноватсия ва технологияи муосир дар осоишгоҳи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим  барои ҷавононе, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ  ба зодгоҳашон  баргаштаанд, давраи омӯзишӣ баргузор  кард. Ба гуфтаи  директори иҷроияи Ташкилоти инноватсия ва технологияи муосир Артур Худоназаров,  ин омӯзиш давоми як ҳафта идома меёбад ва дар он асосан ҷавононе, ки  баъди бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар деҳоти дурдасти вилоят зиндагӣ доранд, иштирок мекунанд.  Аксари онҳо дар корхонаву сохтмонҳои  Федератсия Россия  кор карда, касбҳои мухталифро аз худ кардаанд ва таҷрибаи кофӣ ҳам доранд. Ташкилоти ҷамъиятии инноватсия ва технологияи муосир баъди ин ҳамоиш ҳамкориро бо собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ қатъ намекунад.  Баъди бозгашт ба зодгоҳашон ҳар яке аз онҳо мутобиқ ба шароити маҳал лоиҳаҳои хурд таҳия ва ба ташкилоти мазкур пешниҳод мекунанд. Баъди омӯзишу таҳлили  ҳаматарафа  лоиҳаҳои беҳтарин интихоб ва дар давоми шаш моҳ аз ҷиҳати моливӣ дастгирӣ карда мешаванд.

Ҳоло ба Ташкилоти ҷамъиятии инноватсия ва технологияи муосир чанд лоиҳа вобаста ба тиҷорати хурд, истифодаи энергияи барқароршаванда ва бо истифода аз захираҳои дастраси табиӣ гарм намудани хонаҳо пешниҳод шудаанд. Баъди баррасӣ ва хулосаи мутахассисон ин лоиҳаҳо дар амал татбиқ мешаванд.

Ноябрь 1, 2017 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд