Қӯшунҳои сарҳадӣ: аз савганди ҳарбии сарбозони навдаъватшуда то хатми курсҳои махсуси прапоршикӣ

Ноябрь 7, 2017 16:14

ДУШАНБЕ, 07.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба рӯзи  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баровардани байрақи ҷангии қисми ҳарбӣ маросими бошукӯҳи тантанавӣ баргузор шуд.

Тавре  аз маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар доданд, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар назди меҳмонон ва сарбозон изҳор намуд, ки «маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзии аскарону афсарон имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд».

Дар ҷамъомад беш аз 370 нафар сарбозони навдаъватшуда савганди ҳарбӣ ёд карданд ва ҳамзамон зиёда аз 85 нафар хамткунандагони курсҳои кӯтоҳмуддати махсусӣ прапоршикон бо дипломҳо ва рутбаҳои ҳарбии прапоршик сарфароз гардиданд.

Пас аз маросими савгандёдкунӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ дар назди меҳмонон намудҳои машқҳои тан ба тан намоиш доданд.

Афсарони ҷавоне, ки бо рутбаҳои Прапоршик сарфароз гардиданд, барои идомаи хизмати Ватан-Модар ба отрядҳои сарҳадӣ ва ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда мешаванд.

Ноябрь 7, 2017 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд