Сиҳатии ҷомеа аз дурнамои рушди илми паразитология вобаста мебошад, -ҷаласаи илмӣ дар Душанбе

Ноябрь 10, 2017 09:48

ДУШАНБЕ, 10.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Паразитология чун қисме аз илми биология бештар ба амалияи илмӣ иртибот дошта, сиҳатии ҷомеаи Тоҷикистон аз дурнамои рушди илми мазкур вобаста мебошад. Ин матлабро ноиби президенти АИ ҶТ, доктори илмҳои биология ва узви вобастаи АИ ҶТ Абдусаттор Саидов зимни ҷаласаи илмие, ки дирӯз таҳти унвони «Дастовардҳои асосӣ ва дурнамои рушди илми паразитология дар Тоҷикистон» бахшида  ба 50 соли фаъолияти номзади илмҳои биология Замониддин Хабиров  баргузор гардид,  баён дошт.

Ҷаласа дар Институти зоология ва паразитологияи ба номи академик Е.Н.Павловскии АИ ҶТ доир гардида, дар он олимони соҳаи биология ширкат доштанд.

Директори Институти зоология ва паразитология Файзалӣ Ҳакимов, номзадҳои илми биология Е.А.Манилова, Д.С.Қадамов, Ф.М.Искандаров ва дигарон саҳми зарурии илми паразитологияро дар ҷомеа баррасӣ намуда, ҳамзамон дар бораи фаъолияти пурсамар, дастовард ва саҳми назарраси номзади илмҳои биология Замониддин Хабиров дар рушди илми паразитология андешаҳои ҷолиб баён намуданд.

Зикр гардид, ки  Замониддин Хабиров яке аз олимони шинохтаи илми паразитология ба шумор рафта, солҳои тӯлонӣ яке аз гурӯҳҳои дуболони хунмакро дар шароити баландкӯҳ таҳқиқ намудааст. Монографияи номбурда бо номи «Дуболони хунмаки Тоҷикистон», ки соли 2013 нашр шудааст, паҳнкунандагони бемориҳои трансмиссивиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

 

 

 

Ноябрь 10, 2017 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд