Сироҷиддин Аслов дар Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд

Ноябрь 10, 2017 17:45

ДУШАНБЕ, 10.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар кори он вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Федерика Могерини ширкат варзиданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни Вохӯрӣ иштирокчиён як қатор масъалаҳо, аз ҷумла ҳамкории минтақавӣ ва амният, рушди иқтисодии минтақаи Осиёи Марказӣ, дурнамои муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Иттиҳоди Аврупо, инчунин дигар мавзӯъҳои минтақавӣ ва байналмилалиро муҳокима намуданд. Вазирон бар аҳамияти идомаи ҳамкории кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати тақвияти зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ ва нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ тавассути татбиқи бомуваффақияти барномаҳои беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, таъмини болоравии устувори иқтисодӣ, мудирияти самараноки сарҳадот, рушди захираҳои инсонӣ тариқи таҳкими сифати таҳсилот, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва шуғли аҳолӣ таъкид намуданд.

Дар Воҳурӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар фарҷоми Вохӯрӣ вазирон Баёнияи муштарак қабул намуданд.

 

Ноябрь 10, 2017 17:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд