«СОЛИМИИ МАН- ҲУҚУҚИ МАН» — ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО

Ноябрь 29, 2017 09:36

ДУШАНБЕ, 29.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳамасола дар ҷаҳон 1 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо ВНМО- Вируси норасоии масунияти одам (ВИЧ/СПИД) таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дирӯз дар  Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино   ҷамъомад доир гардид.

Дар ҳамоиши мазкур  намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор, ташкилоту  иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шарикони рушде, ки  дар самти ВНМО саҳмгузорӣ мекунанд, иштирок намуданд.

Тавре муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода иброз дошт, бисту нуҳ сол пештар, соли 1988 бо пешниҳоди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ин рӯз ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонӣ эълон гардид. Аз соли 1996 ин сана бо ибтикори Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО (ЮНЕЙДС) ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомат гузаронида мешавад.

«Амалисозии тадбирҳо бар зидди ин сироят ба он равона гардидааст, ки давоми 10-15 соли оянда пеши роҳи ин эпидемияи марговар гирифта шавад. Барои ин зарур аст, ки ҳар чи бештар нафарон аз ин сироят огоҳ бошанд, аз ташхиси фаврӣ гузаранд, шумораи зиёдтари сироятёфтагон табобати зиддиретровирусӣ гиранд ва дар шумораи бештари сироятёфтагон пастшавии сарбории вирусӣ ба мушоҳида расад. Танҳо дар ҳамин ҳолат мо метавонем пеши роҳи паҳншавии ин сироятро гирем», — зикр намуд М.Камолзода.

Дар ҳамоиш зикр гардид, ки дар Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва муқовимат бо ВНМО корҳои хеле зиёд ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, 25 феврали соли рвон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ва нақшаи тадбиқи он қабул гардид. Аммо баҳри расидан ба барҳамдиҳии ин сироят то соли 2030 ҳоло корҳои хеле зиёд дар пешанд.

Бояд зикр намуд, ки соли 2017 шиори Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО аз ҷониби Барномаи муштараки СММ оид ба пешгирии ВНМО «Солимии ман- ҳуқуқи ман» эълон гардидааст.

Ноябрь 29, 2017 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд