Суханронии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ
ДУШАНБЕ, 15.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябри соли 2017 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар иҷлосияи Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ (ECOSOC) роҷеъ ба азнавташкилдиҳии низоми рушди Созмони Милал ҷиҳати дастгирии татбиқи Рӯзномаи 2030, ки бо иштирок ва маърӯзаи Дабири Кулли СММ Антонио Гутерриш баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар суханронии худ Намояндаи доимӣ оид ба диди Тоҷикистон дар масъалаҳои ислоҳоти низоми рушди СММ маълумот дода, аҳамияти тақвияти фаъолияти СММ барои дастгирии кишварҳои аъзо дар татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва маблағгузории Ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла, ҳадафҳои марбут ба обу беҳдоштро муҳим арзёбӣ намуд.
Дар робита ба нақш ва ташаббусу пешниҳодҳои муҳими voltaren-diclofenac.com сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбарии масъалаҳои ҷаҳонии об Дабири Кулли СММ иброз дошт, ки “мо аз роҳбарии кишвари шумо дар пешбарии ин самт бениҳоят миннатдорем ва ин роҳбариро пурра дастгирӣ менамоем”.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






