«СУЛҲОВАР ПЕШВО ДОРЕМ МО!». Дар ноҳияи Лахш ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
ЛАХШ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ташаккули Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, аҳамияти бузурги таърихӣ дорад. Маҳз бо шарофати ин рӯйдоди таърихӣ ба мардуми тоҷик муяcсар гардид, ки бо интихоби Сарвари нави сиёсии хеш дар симои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон мавҷудияти Тоҷикистонро таъмин намояд. Ин нуктаро Файзулло Баротзода, раиси ноҳияи Лахш имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён дошт.
Зикр шуд, ки ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум унвони нав- «сулҳовар» додаанд, зеро танҳо бо сарварии хирадмандонаи ин шахсияти таърихӣ ба ҷанги хонумонсузи ҳамдигаркушӣ, ки анҷоми чунин ҷангҳо даҳсолаҳоро талаб мекунад, хотима бахшида шуд. Гурезаҳо ба хонаҳои худ баргардонида шуда, барои обод сохтани харобаҳо шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шуданд.
Зикр шуд, ки бо ташаббуси ин шахсияти бузург шоҳроҳи бузурги Душанбе – Лахш – Саритош, неругоҳи барқи обии Путовқул-1 ва Путовқул-2, каналҳои Пиёзӣ, Қашқатерак, Ғулама, даҳҳо пулу пойгоҳҳои обкашӣ, беморхонаи нави марказӣ, варзишгоҳи маркази ноҳия, даҳҳо мактабу синфхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ ва биноҳои сеошёна бо тарҳи замонавӣ ба истифода дода шуданд, ки дар 70 соли даврони Шӯравӣ ин гуна созандагиву ободкорӣ сурат нагирифта буд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






