Таҷлили 25-умин солгарди иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Боку

Ноябрь 13, 2017 10:23

ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 25-умин солгарди Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку –пойтахти Озарбойҷон ҳамоиши сатҳи  баланд доир гардид. Ҳамоиш бо ибтикори  Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дастгирии Парлумони Озарбойҷон созмон дода шуда, дар он намояндагони корпуси  дипломатии муқими  Озарбойҷон, вакилони Парлумони ин кишвар, олимон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Дар ҳамоиш Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев, муовини аввали раиси Миллӣ Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Зияфет Аскеров, раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айдин Мирзазаде, инчунин дигар вакилони Парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон доир ба аҳамияти таърихии иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карданд. Зикр шуд, ки маҳз бо шарофати  қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди низоми нави давлатдории тоҷикон, заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ гузошта шуданд.

Таъкид гардид, ки созиши миллӣ, сулҳу ваҳдат ва ягонагие, ки ба мардуми тоҷик муяссар гардид, идомаи мантиқии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошад. Дар ҳамоиш ҳамзамон нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти сулҳовар ва асосгузори истиқлолияти тоҷикон, бунёдгузори ислоҳоти амиқи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин ташаббускори дигаргуниҳои созанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.

Дар доираи ҳамоиш аксҳо аз ҷараёни иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳи минбаъдаи амалисозии қарорҳои тақдирсози иҷлосия, китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобҳо ва лавҳаҳо бахшида ба фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шуданд.

Ноябрь 13, 2017 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд