Таҷлили Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Берлин

Ноябрь 8, 2017 09:43

ДУШАНБЕ, 08.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Германия бахшида ба 23-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки донишҷӯён ва устодони донишгоҳҳои кишварамон, ки ҷиҳати иштирок дар барномаи табодули байнидонишгоҳӣ дар Германия қарор доштанд, баргузор гардид.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати ҶТ дар ҶФГ хабар доданд.

Дар оғози ҷамъомад Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маликшо Неъматов ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик намуда, оид ба зарурат ва моҳияти қабули ин шиносномаи давлат ва бахтномаи миллат сухан гуфт. Сафир зикр кард, ки маҳз баъд аз қабули Конститутсия Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мақому ҷойгоҳи хоси худро соҳиб шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмиллалӣ эътироф гардид.

Ноябрь 8, 2017 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд