«Таҷлили Рӯзи Президент-ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан ба миллат аст»-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ дар Академияи илмҳо
ДУШАНБЕ, 15.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад. Ман фикр мекунам, ки таҷлил намудани Рӯзи Президент- ин аввалан арҷгузорӣ ба Президент ва баъдан арҷгузорӣ ба миллат аст. Зеро миллат метавонад роҳбарашро қадр кунад, аҷр гузорад ва дар татбиқи сиёсати пешгирифтааш саҳмгузор бошад. Ин нуктаро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни ҳамоиши илмӣ дар Душанбе баён дошт.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пагоҳ, 16 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил мегардад, ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ҷамъомади мазкур олимон, донишҷӯён ва аспирантону унвонҷӯёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Зикр гардид, ки нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватани тоҷикон беандоза бузург аст.
«Мо Рӯзи Президентро бо самимияту эҳтиром ва ғурури баланди миллӣ ҳамчун рӯзи адолату демократикунонии ҷомеа пешвоз гирифта, тамоми дастовардҳои замони идоракунии президентиро ба истиқлолияти давлатӣ ва иқдомҳои неки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста медонем»,- гуфт ноиби президенти АИ ҶТ Абдураҳмон Муҳаммад.
Маврид ба зикр аст, ки доир ба ниҳоди президентӣ ва таъриху таҳаввулоти он кормандони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови АИ ҶТ Имомқул Буриев ва Нусратулло Зокиров сухан гуфтанд.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






