Таҷлили Рўзи театри тоҷик ва 60-солагии фаъолияти эҷодии Марям Исоева дар театри Лоҳутӣ
ДУШАНБЕ, 7.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 7 ноябр, соати 17:00 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Рўзи театри тоҷик ва 60-солагии фаъолияти эҷодии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Марям Исоева таҷлил карда мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ҷамъомад порчаҳо аз эҷодиёти ҳунарпешаи маъруф ва хушсалиқаи тоҷик Марям Исоева дар иҷрои гурўҳҳои ҳунарии театрҳои кишвар намоиш дода шуда, намоиши аккосӣ низ дар назар аст.
Зимни ҷамъомад кормандони соҳаи театр, ки бо фаъолияти эҷодии пурмаҳсул дар рушди соҳа саҳм гузоштаанд, бо нишони «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанг қадрдонӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки Марям Исоева яке аз бонувони соҳибистеъдодест, ки дар пешрафти театри тоҷик саҳми арзанда гузоштааст. Ин бонуи ҳунар мактаби вижаи худро дошта, солҳост дар саҳнаи театр ба тамошогарону мухлисон сабақи зиндагӣ меомӯзонад. Ҳаёту фаъолияти ӯ оинаест, ки мухлисон дар он худро дида, аз зиндагӣ сабақ мегиранд.
Марям Исоева ҳамчунин дар филмҳои зиёде нақш офаридааст. Аз ҷумла, дар филмҳои «Ҳасани аробакаш», «Рустам ва Суҳроб», «Ормони модар», «Дар интизори падар», «Достони Рустам», ки беҳтарин филмҳои даврони Шӯравӣ ба ҳисоб мерафтанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






