ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 1 ноябр, чоршанбе, 305-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 60 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 1, 2017 08:18

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

1 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуда буданд.

***

10 сол қабл, 1 ноябри соли 2007  дар Интернет сомонаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин www.tajikembassychina.com фаъол карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 меҳмонхонаи панҷситорадори «Серена»-и Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

***

1 ноябри соли 1944 Агентии иттилоотии Япония «Киодо Тсусин» таъсис дода шудааст.

 1 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Того – Рӯзи ёдгорӣ.

***

Дар Либерия — Рӯзи миннатдорӣ.

***

Дар Ветнам – Рӯзи инқилоб.

РӮЙДОДҲО:

1 ноябри соли 1856 миёни Англия ва Эрон ҷанг оғоз гардида, он 4 апрели соли  1857 ба анҷом расида буд.

***

122 сол муқаддам, 1 ноябри 1895 дар Петербург «Иттифоқи мубориза барои озодкунии синфи коргар» таъсис дода шуда буд.

***

1 ноябри соли 1897 дар шаҳри Турини Италия клуби футболи «Ювентус» таъсис ёфта буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1938 Ҳукумати Мексика ба кишвараш аз Германия ворид шудани яҳудиёни гурезаро  манъ кардааст.

***

1 ноябри соли 1993 Туркманистон асъори рублро бекор карда, асъори худ- манатро ҷорӣ намуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1929 аввалин шумораи рӯзномаи «Советский Таджикистан» (ҳоло «Народная газета») нашр шудааст.

 ***

Соли 2010  дар шаҳри Душанбе аввалин намояндагии дипломатии кишварҳои арабӣ – Сафорати Арабистони Саудӣ ифтитоҳ гардид.

 

Ноябрь 1, 2017 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, якшанбе, 245-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, шанбе, 244-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, ҷумъа, 243-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, панҷшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, чоршанбе, 241-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, душанбе, 239-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст