ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 10 ноябр,ҷумъа, 314-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 51 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
10 ноябри соли 2014 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистотн муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи милитсияи тоҷик ба 50 нафар хизматчии сохторҳои зертобеи Вазорати корҳои дохилӣ калиди манзили доимии истиқоматӣ тақдим карда шуд.
***
56 сол қабл, 10 ноябри соли 1961 шаҳри Сталинобод ба шаҳри Душанбе тағйири ном кард.
***
Дар ин рӯзи соли 1953 Канада дар Германия пойгоҳи ҳарбӣ кушод.
10 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Тоҷикистон – Рӯзи милитсия.
***
Рӯзи байналмилалии ҷавонон.
***
Рӯзи байналмилалии илм барои сулҳ ва рушд.
РӮЙДОДҲО:
10 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида буд.
***
10 ноябри соли 1775 флоти ҳарбии ИМА таъсис дода шудааст.
***
80 сол муқаддам, 10 ноябри соли 1937 дар Бразилия табаддулоти давлатӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
***
Дар ин рӯзи соли 1945 Федератсияи байналмилалии демократии ҷавонон таъсис ёфта буд.
***
10 ноябри соли 1994 Ироқ истиқлолияти Қувайтро эътроф намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1957 дар Лос-Анҷелес рекорди қатъии иштироки мухлисон дар бозии футбол гузошта шуд – бозиро 102 ҳазору 368 нафар мухлисӣ кардаанд.
***
Соли 1997 дар ИМА аввалин маротиба ҳукми суд дар интернет паҳн гардид.