ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 11 ноябр, ҷумъа, 315-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 50 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
11 ноябри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим» иштирок ва суханронӣ намуда буданд.
***
7 сол пеш аз ин, 11 ноябри соли 2010 дар Ашқобод Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор гардида буданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои роҳбарони воҳидҳои молиявию иктишофии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардида буд.
11 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Канада – Рӯзи ёдбуд.
***
Дар Ангола – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар Полша – Рӯзи истиқлолият.
***
Дар ИМА – Рӯзи собиқадорон.
РӮЙДОДҲО:
11 ноябри соли 2009 дар анҷоми сафари Вазири мудофиаи вақти Ҷумҳурии Озарбойҷон генерал полковник Сафар Абиев ба шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаи ҳамкории ҳарбӣ барои соли 2010 ба имзо расида буд.
***
11 ноябри соли ИМА охирин пойгоҳи ҳарбии худро дар Ветнам баст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1940 аввалин маротиба мошини тамғаи «Ҷип» бароварда шудааст.