ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 21 ноябр, сешанбе, 325-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 40 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 21, 2017 08:14

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

 21 ноябри соли 2002 дар шаҳри Млада Болеслави Ҷумҳурии Чехия  зимни вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони ҳайати расмии чех ва ширкати автомобилсозии машҳур «Шкода АУТО» масъалаи дар шаҳри Душанбе кушодани фурӯшгоҳи автомобилии мазкур баррасӣ гардида буд.

***

3 сол пеш, 21 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Ивета Григуле масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуда буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе фестивали байналмилалии “Рақс моро муттаҳид мекунад” баргузор гардида буд.

21 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии телевизион.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии салом.

***

Дар Россия – Рӯзи кормандони сохтори андоз.

***

Дар Камбоҷа – Фестивали об.

РӮЙДОДҲО:

21 ноябри соли 2013 дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ  «Ховар» дар доираи лоиҳаи «Рушди воситаҳои ахбори оммаи пурқувват ва мустақил» барои воситаҳои ахбори омма дар мавзӯи «Пешниҳоде, ки рад карданаш имконнопазир аст»  давраи омӯзишӣ доир карда шуд.

***

21 ноябри соли  1847 дар кӯли Мичигани ИМА киштии Голландия «Финикс» оташ гираифт, ки дар натиҷа 240 нафар ба ҳалокат расида буданд.

***

21 ноябри соли 1892 дар Париж Ҳизби сотсиалистии полякҳо таъсис дода шуд.

***

69 сол пеш аз ин, 21 ноябри соли 1948 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи эълонҳо ва нашрияҳои Кумитаи зиддифашистии Аврупо манъ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1949 Ассамблеяи Генералии СММ барои пурра мустақил гардидани мустамликаҳои собиқи Италия  овоз дода буд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1972  дар сессияи 17- уми Конфронси генералии ЮНЕСКО Ҷумҳурии Демократии Германия ба ҳайати он шомил карда шуд.

***

Соли 1996  дар қароргоҳи СММ аввалин форуми байналмилалии телевизионӣ баргузор гардида буд.

 

 

Ноябрь 21, 2017 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад