ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 24 ноябр, ҷумъа, 328-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 37 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 24, 2017 08:14

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

24 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро   «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва  «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо карда буданд.

***

7 сол пеш аз ин, 24 ноябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфта, 30 августи соли 2011 он дар пояи 165-метра, ки дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб меёфт, парафшон гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1996 дар раъйпурсии умумихалқӣ дар Беларус зиёда аз 70 фоизи аҳолӣ Конститутсияи пешниҳоднамудаи президент Александр Лукашенкоро ҷонибдорӣ карда буданд.

24 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Рӯзи Парчами давлатӣ.

***

Дар Ҷумҳурии демократии Конго- Рӯзи табаддулот.

***

Дар ИМА — Рӯзи дӯстон.

 РӮЙДОДҲО:

 24 ноябри соли 2016 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии «Таҳсилоти пайваста барои рушди устувор» баргузор гардида буд.

***

56 сол муқаддам, 24 ноябри соли 1961 изҳороти СММ дар бораи манъи истифодаи яроқи ядроӣ қабул гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1969 киштии кайҳонии «Аполлон-12» ба самти Моҳтоб парвоз карда буд.

***

24 ноябри соли 2005 дар шаҳри Алма-Ато Анчумани 5-уми мутахассисони корҳои молияи Қазоқистон баргузор гардида буд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1986 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҳавопаймои ТУ-154 М фуруд омада буд.

 

 

Ноябрь 24, 2017 08:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 декабр, душанбе, 358-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 357-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 декабр, шанбе, 356-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 декабр, ҷумъа, 355-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 декабр, панҷшанбе, 354-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 декабр, чоршанбе, 353-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 декабр, сешанбе, 352-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 декабр, душанбе, 351-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 декабр, якшанбе, 350-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 декабр, шанбе, 349-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 декабр, ҷумъа, 348-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 декабр, чоршанбе, 346-умин рӯзи соли 2024 аст