ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 26 ноябр, якшанбе, 330-юмин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 35 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
26 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан дар ҳузури сарони ду давлат Созишнома миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Чехия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва илмҳои тиббӣ ба имзо расонида шуда буд.
***
3 сол пеш, 26 ноябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор гардида буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи ҷаласаи дурӯзаи Шӯрои роҳбарони мақомоти давлатӣ оид ба танзими бозори қоғазҳои қимматноки кишварҳои узви ИДМ баргузор гардида буд.
26 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии иттилоот.
***
Дар Россия – Рӯзи модар.
***
Дар Абхазия – Рӯзи модар.
РӮЙДОДҲО:
26 ноябри соли 2008 дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ дар доираи баргузории ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва афзалиятҳои он дар Тоҷикистон» конфронс баргузор гардида буд.
***
26 ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон барои асардуздӣ ҷавобгарии маъмурӣ ҷорӣ карда шуд.
***
133 сол муқаддам, 26 ноябри соли 1884 дар Россия ба амволи ғайриманқул андоз ҷорӣ карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1949 Конститутсияи Ҳиндустон қабул гардид.
***
53 сол пеш аз ин, 26 ноябри соли 1964 барои нигоҳ доштани қурби фунт стерлинг Британияи Кабир аз бонкҳои хориҷӣ дар ҳаҷми 3 миллиард доллар заём гирифта буд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1976 тамғаи тиҷоратии «Microsoft» ба қайд гирифта шуда буд.