ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 27 ноябр, душанбе, 331-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 34 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 27, 2017 09:27

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

27 ноябри соли 2015 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 тасдиқ гардида буд.

***

27 ноябри соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар кори Саммити оби Будапешт ба Венгрия сафар карда буданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии «Хизматрасониҳои давлатӣ: дастрас ва босифат» баргузор гардида буд.

27 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Россия – Рӯзи қӯшунҳои баҳрӣ.

***

Дар Куба- рӯзи  таърихӣ- Рӯзи бузургдошти донишҷӯёне, ки аз дасти Ҳукумати Испания ҳалок шудаанд.

РӮЙДОДҲО:

27 ноябри соли 2013 дар шаҳри Исфара Форуми сармоягузории рушди шаҳри Исфара баргузор гардида буд.

***

27 ноябри соли 1895 Алфред Нобел васиятномаи худро имзо карда буд, ки дороии ӯ ба фонди ҷоизаи Нобел ворид гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1898 дар натиҷаи тундбоди барфӣ дар Ню Йорк зиёда аз 450 нафар ба ҳалокат расида буданд.

***

67 сол муқаддам, 27 ноябри соли 1950 ҳайати ҳукумати коммунистии Чин дар СММ ба ҳайси назоратчӣ иштирок намуда буданд.

 ***

27 ноябри соли 1998  силсилаи бозиҳои компютерии «ФИФА» ба фурӯш бароварда шуданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1966 дар таърихи футболи касбии америкоиҳо калонтарин ҳисоби бозӣ ба қайд гирифта шуда буд, ки «Вашингтон» «Ню Йок»-ро бо ҳисоби 72:41 мағлуб карда буд.

 

 

Ноябрь 27, 2017 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, якшанбе, 245-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, шанбе, 244-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, ҷумъа, 243-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, панҷшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, чоршанбе, 241-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, душанбе, 239-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст