ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 28 ноябр, сешанбе, 332-юмин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 33 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 28, 2017 08:15

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

28 ноябри соли 2016 дар Венгрия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлати ташаббускори бузург дар масоили байналмилалии марбут ба об дар Саммити оби Будапешт суханронӣ карда буданд. Барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор оид ба об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам овардани заминаи мусоид ва имконоти муосирро дар ин самт зарур шуморида  ҷонибдории пешниҳодро доир ба эълон намудани Даҳсолаи байналмилалӣ таҳти унвони “Об барои рушди устувор” амали муҳими  башардӯстона арзёбӣ карда буданд.

***

7 сол пеш аз ин, 28 ноябри соли 2010 дар ноҳияи Данғара маросими ботантанаи оғози бунёди сарбанди Неругоҳи барқи обии «Сангтўда-2» баргузор гардида буд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014  дар Тоҷикистон Барномаи рушди туризм барои солҳои 2015-2017 қабул гардида буд.

28 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Албания – Рӯзи истиқлолият (ҳамчунин чун Рӯзи парчам машҳур аст).

***

Дар Мавритания –Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

28 ноябри соли 2007 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» қабул гардида буд.

***

28 ноябри соли 1821 Панама аз Испания истиқлолият ба даст оварда буд.

***

28 ноябри соли 1950  «План Коломбо» — ташкилоти байналмилалӣ оид ба кумак расонидан дар рушди иқтисодиёти кишварҳои Осиё ва Уқёнуси ором таъсис дода шуда буд.

***

Дар ин рӯзи соли 1994 дар Норвегия дуюмин маротиба барои шомил шудани кишвараш ба Иттиҳоди Аврупо раъйпурсӣ гузаронида шуда буд, ки аксарияти интихобкунандагон узвият ба Иттиҳоди Аврупоро рад карда буданд.

***

28 ноябри соли 2016 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо қисми зиёди аъзои дастаи футболи Бразилия «Шапекоэнсе» ба ҳалокат расида буданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1947  аввалин шумораи  рӯзномаи «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон»  нашр шуда буд.

Ноябрь 28, 2017 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш