ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 29 ноябр, чоршанбе, 333-юмин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 32 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Ноябрь 29, 2017 08:39

 

Тақвими моро дар ин гӯша  

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:

 

29 ноябри соли 2008 дар Қатар зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли вақти Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун масоили татбиқи ҳамоҳангсозии кумаки беруна ба Тоҷикистон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятии СПИД, сил, вараҷа ва ғайра, таҳкими ҳифзи сарҳадоти давлатӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуда буд.

***

29 ноябри соли гузашта  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор шуда буд, суханронӣ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009  дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд хатти 500- киловолтаи “Ҷануб – Шимол” ва се хатти 220-киловолта ба истифода дода шуд.

 

29 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Албания – Рӯзи озодкунӣ аз фашизм.

***

Дар Вануату — Рӯзи муттаҳидӣ.

***

Дар Югославия – Рӯзи ҷумҳурӣ.

 

РӮЙДОДҲО:

29 ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба Ҷумҳурии Франсия сафар карданд.

***

29 ноябри соли 2008 дар Давлати Қатар баҳри ба роҳ мондани ҳамкории судманд миёни телевизиони иттилоотии Тоҷикистон – “Ҷаҳоннамо” ва телевизиони овозадори “ал-Ҷазира”-и Давлати Қатар мувофиқаҳо ҳосил шуда буданд. Тибқи онҳо телевизионҳои “Ҷаҳоннамо” ва “ал-Ҷазира” барои омода кардани кадрҳои ҷавон ва мубодилаи иттилооту таҷриба ҳамкориро ба роҳ мемонанд.

***

75  сол муқаддам, 29 ноябри соли 1942 дар ИМА барои фурӯш ва истеъмоли қаҳва меъёр муқаррар гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 1989 дар Чехословакия моддаи Конститутсия дар бораи роҳбарикунии ҳизби коммунистӣ бекор карда шуд.

***

29 ноябри соли 1990 Шӯрои Амнияти СММ дар ҳолати озод накардани Кувайт истифодаи силоҳро бар зидди Ироқ зарур шуморид.

 

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1899 клуби футболи «Барселона» созмон дода шуда буд.

Ноябрь 29, 2017 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, якшанбе, 245-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, шанбе, 244-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, ҷумъа, 243-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, панҷшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, чоршанбе, 241-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, сешанбе, 240-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, душанбе, 239-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, якшанбе, 238-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, шанбе, 237-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, ҷумъа, 236-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, панҷшанбе, 235-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 август, чоршанбе, 234-умин рӯзи соли 2024 аст