ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 3 ноябр, ҷумъа, 307-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 58 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
3 ноябри соли 2010 миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Симон Фрайзер атрофи авзои вақти Афғонистон ва роҳҳои бартарафсозии мушкилоти сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугўйи судманд сурат гирифт.
***
7 сол пеш, 3 ноябри соли 2010 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку»-ро маъқул донист.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт аз чониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо иштироки ситораҳои санъати тоҷик ҳамоиши «Президенти ман» баргузор гардида буд.
3 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Япония – Рӯзи фарҳанг.
***
Дар Панама – Рӯзи истиқлолият.
РӮЙДОДҲО:
3 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби вақти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷон Керрӣ масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америкаро баррасӣ намуданд.
***
114 сол муқаддам, 3 ноябри соли 1903 Панама соҳибистиқлол гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 1918 Ҳизби коммунистии Австрия таъсис дода шудааст.
***
3 ноябри соли 1928 Туркия аз ҳуруфоти арабӣ ба лотинӣ гузашт.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1907 дар Франсия аввалин чархбол дар таърихи ҷаҳон ба ҳаво парвоз кард.
***
Соли 1939 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба нафароне, ки бо нишони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардида буданд, аввалин маротиба медали «Ситораи тиллоӣ» супорида шуд.