ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 5 ноябр, якшанбе, 309-умин рӯзи соли 2017 аст. То соли нав 56 рӯзи дигар боқӣ мондааст
Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад:
5 ноябри соли 2008 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими ботантанаи ба истифода додани НБО «Сангтӯда -1» баргузор гардид.
***
9 сол муқаддам, 5 ноябри соли 2008 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши шабакаи нави телевизионии «Ҷаҳоннамо» ва шабакаи радиои «Фарҳанг» оғоз гардида буд.
***
Дар ин рӯзи соли 2010 дар Кохи Борбади пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қисмати ниҳоии Фестивали ҷумҳуриявии «Чакомаи гесӯ» баргузор гардид.
***
5 ноябри соли 2016 дар шаҳри Ҳисор Комбинати металлургии тоҷик ба истифода дода шуд.
5 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи умумиҷаҳонии паҳн кардани иттилоот оид ба мушкилоти сунами.
***
Дар Россия — Рӯзи разведкачии ҳарбӣ.
РӮЙДОДҲО:
5 ноябри соли 1964 дар шаҳри Душанбе муҷассамаи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шуд.
***
5 ноябри соли 2016 дар бинои нави Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе форуми «G5 Startup Forum» баргузор гардид.
***
Зиёда аз як аср қабл, 5 ноябри соли 1914 Франсия ва Британияи Кабир бо Туркия ҷанг эълон карда буданд.
***
5 ноябри соли 1935 бозии рӯимизии «Монополия» сохта шудааст.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Дар ин рӯз, соли 1927 дар Англия аввалин маротиба чароғаки роҳи худкор ба кор дароварда шуд.